Май 18, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки музокиротро дар оянда низ дар Қирғизистон идома медиҳанд
    Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки музокиротро дар оянда низ дар Қирғизистон идома медиҳанд

Дуввумин нишасти гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе 13 то 17 май барои аломатгузории 112 километр аз марзи муштараки ду кишвар баргузор мешавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон, нахустин даври ин машваратҳо дар шаҳри Оши Қирғизистон аз панҷум то нуҳуми май баргузор шуд, ки бе ҳеч тавофуқе поён ёфт. 

Бар ин асос қарор шуд мавзӯи аломатгузории 112 километр аз марзи ду кишвар  миёни ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Ботканд ва Лайлаки вилояти Ботканд  ҳафдаҳуми май дар нишасти дубораи ин гурӯҳҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ шавад. 

Аммо вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври ҳамзамон эълом кардаанд, ки музокироти Душанбе дар шароити дӯстона ва эҳтироми мутақобил баргузор шуд ва тарафҳо тасмим  гирифтанд ин гуфтугӯҳо дар оянда дар Қирғизистон идома ёбад

Ҳамчунин қарор буд ин тавофуқнома дар сафари  Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷабборов ба Душанбе ба имзоии сарони ду кишвар бирасад; сафаре, ки замони он ҳанӯз муайян нашудааст. 

Аз дидгоҳи коршиносон ихтилофоти назари аломатгузорӣ нашудани марзи муштараки 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон  мӯҷиби бурузи даргириҳо дар манотиқ  мавриди муноқиша мешавад, ки хунинтарин он рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марзи ноҳияҳои Исфара ва Ботканд рух дод. 

Дар ин даргириҳо 56 тан  кушта ва беш аз 230  нафар захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп