Май 18, 2021 19:28 Asia/Dushanbe
  • 30 дарсад сармояи хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон саҳми Чин аст
    30 дарсад сармояи хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон саҳми Чин аст

Кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон эълом кард, дар 13 соли ахир ҳаҷми сармоягузории Чин дар иқтисоди кишвар ба 3 миллиарду 15 миллиондоллар расид.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон, дар ин муддат 10 миллиарду 300 миллиондоллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ҷазб шудааст, ки 30 дарсади он аз ҷониби Чин будааст.

Аз соли 2007 то 2020 ҳамчунин Русия бо 1 миллиарду 600 миллиондоллар, Амрико бо 703 миллиондоллар, Англия бо 694 миллиондоллар ва Қазоқистон бо 577 миллиондоллар пас аз Чин дар ҷойгоҳи баъдии сармоягузорони хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Чин дар соли 2020 низ 152 миллиондоллар дар тарҳҳои зербиноии Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки баробар бо 35 дарсад аз кулли сармоягузории хориҷӣ дар ин сол будааст.

Чин бештар дар бахшҳои роҳсозӣ, маодин ва фулузот, энержӣ, саноати шимиёӣ, бофандагӣ, кишоварзӣ ва фароварии маҳсӯлот дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп