Русия ваксинаи «Спутник V»-ро ройгон ба Тоҷикистон медиҳад
Вазири умури хориҷа Русия гуфт, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҳвили ройгони ваксинаи русии «Спутник V» ба Тоҷикистон тавофуқ кардаанд.
Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ки ба Тоҷикистон сафар кардааст, рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷики худ гуфт, «мо барои ҳамкорӣ дар заминаи муқобила бо вируси корона ва кумакҳое монанди ирсоли ройгони ваксина «Спутник V» ба Тоҷикистон суҳбат кардем ва раисони ҷумҳурии ду кишвар низ ҳаштуми май дар ин бора тавофуқ карданд.»
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 10 рӯз пеш дар сафар ба Маскав бо Путини дидор ва дар мавриди дарёфти ваксинаи «Спутник V» бо музокира кард.
Русия аввалин кишвар дар ҷаҳон аст, ки ваксинаи зиддикоронаро сабт кардааст.
Муассисаи Гамалеи бо ҳамкории Сандуқи сармоягузории мустақими Русия ваксинаи русии «Спутник V» -ро тавлид кардаанд.
Пеш аз ин Путин аз тавлиди чаҳорумин ваксинаи русӣ алайҳи вируси корона дар ояндаи наздик хабар дода буд.
Бештар бихонед: