Май 19, 2021 19:00 Asia/Dushanbe
  • Лавров бар таҳкими марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон таъкид кард
    Лавров бар таҳкими марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон таъкид кард

Вазири умури хориҷаи Русия вуҷӯди пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистонро зомини таъмини амнияти Осиё Марказӣ донист.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Сергей Лавров, ки ба Тоҷикистон сафар кардааст дар нишасти хабарии муштарак бо Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷики худ бо ишора ба аҳамияти пойгоҳи 201 артиши Русия дар Тоҷикистон барои амнияти минтақа, бар зарурати иҷрои тавофуқномаи Душанбе ва Маскав бар сари таҷҳизи низомии Тоҷикистон бо таслиҳоти сохти Русия бар асоси барномаи ҳамкории фаннӣ ва низомии дуҷониба таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Русия бо ишораи эҳтимоли афзоиши танишу ташаннуҷ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон дар пайи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ изофа кард, яке аз мавзуоти мавриди тавофуқи кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, таҳкими марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон аст.

Лавров ҳамчунин бо эъломи омодагӣ ва ҳимояти Маскав дар бораи азсаргирии парвозҳои муназзам бо Тоҷикистон таъкид кард, барои давлати Маскав бозгашти 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳҳои Русия, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона натавонистанд дар маҳали таҳсили худ ҳозир шаванд, бисёр муҳим аст.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Лавров қабл аз оғози нишасти сарони ниҳодҳои дипломатии СПАД вазъи феълӣ ва чашмандози равобит байни Душанбе ва Маскавро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона, низомӣ ва фанниро баррасӣ карданд.

Илова бар ин ду тараф дар мавриди масоили муҳими дастури кори байналмилалӣ бо тамаркуз бар мавзуоти амнияти минтақаӣ ба таври фарогир табодули назар карданд.

Дар музокироти сарони ниҳодҳои дипломатии ду кишвар, сафари расмии раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон, ки қарор аст дар нимаи дувуми моҳи сентябри имсол баргузор шавад, мавриди тавваҷуҳи вижа қарор гирифт ва дар поёни ин музокирот барномаи ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистону Русия барои соли 2021 ба имзо расид.

Бештар бихонед:

 

Барчасп