Вебинар ба муносибати 110- солагии Мирзо Турсунзода
(last modified Thu, 20 May 2021 06:57:50 GMT )
Май 20, 2021 11:57 Asia/Dushanbe
  • Вебинар ба муносибати 110 -солагии Мирзо Турсунзода
    Вебинар ба муносибати 110 -солагии Мирзо Турсунзода

Вебинари Байналмилаллии сарояндаи сулҳу дӯстӣ ба муносибати 110 солагии таваллуди устод Мирзо Турсунзода дар ҳоли баргузорӣ аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Пажӯҳишгоҳи фарҳангии ЭКО ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ ва Анҷумани адабии эронӣ вебинари байналмилалии сулҳ ва дӯстӣ ба муносибати 110-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода баргузор карданд. 

Ин вебинар бо ҳузури суханрононе аз Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳинд, Покистон ва Афғонистон  рӯзи панҷшанбе 30 урдубиҳишти  1400 баробар бо 20 майи 2021 соати 11 ба вақти Теҳрон (11 : 30 ба вақти Душанбе ) оғоз шудааст. 

Алоқамандон метавонанд бо муроҷиа ба нишонии зер ин маросимро бубинанд:

https://webinar.ecieco.org/ch/tursunzoda