Таънаи Лавров дар Душанбе ба хабарнигорони Би Би Си
(last modified 2021-05-20T08:39:46+00:00 )
Май 20, 2021 13:39 Asia/Dushanbe
  • Лавров дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба сару садо  эҷод кардани хабарнигори Би-Би-Си вокуниш нишон дод
    Лавров дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба сару садо эҷод кардани хабарнигори Би-Би-Си вокуниш нишон дод

Вазири умури хориҷаи Русия ба талоши хабарнигори Би Би Си, ки дар нишасти хабарии вай бо ҳамтои тоҷикаш дар Душанбе халал эҷод кард, аксуламал нишон дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА Новости, Сергей Лавров дар нишасти хабарии муштарак бо Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтоии тоҷики  худ дар Душанбе бо ишора ба аҳамияти музокироти Тоҷикистон ва Русия, дар бораи зарурати густариши равобити дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо таъкид мекард, ки хабарнигори шабакаи Би Би Си шурӯъ ба насби ду микрофон кард.

Ин кори хабарнигори Би Би Си боиси эҷоди сару садо ва сукути вазири хориҷаи Русия шуд.

Гуфта мешавад, ки микрофони дувум  мутаъаллиқ ба радиои озодии Амрико будааст. 
  
  

Аммо Лавров бо ҳифзи хунсардӣ ва табассуми пас аз вақфа эҷодшуда ба ин хабарнигор гуфт: «Оё дар шабакаи Би Би Си ба шумо чунин равишҳо омӯзиш дода мешавад?»   

Аз сӯии дигар   Алёна  Август,  коршиноси масоили сиёсии Русия мӯътақид аст ки ин талош дар нишасти хабарӣ дар Душанбе амдӣ буд ва маъмулан хабарнигорони ғарбӣ дар чунин мавридҳо аз ин равиш барои эҷоди халал дар суханрониҳои вазири хориҷаи Русия истифода мекунанд. 

Қаблан низ борҳо дар сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия ба кишварҳои аврупоӣ, барои барангехтани вокуниши тунди вай талошҳои монанде шуда ки бо хунсардии Сергей лавров беасар гардида аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп