Радди дахолати шаҳрвандони тоҷик дар низоъи ҷамъӣ дар Маскав
-
Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дахолати шаҳрвандони тоҷик дар даргирии Маскавро рад кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон расонаҳои русӣ гузориш доданд дар бинои рақами 39-и хиёбони Вернадский, дар ҷанубу ғарби Маскав низоъе байни муштариёни ресторане рух дод,ки дар асари ҷароҳатбардорӣ 6 нафар ба бемористон мунтақил ва 9 нафар боздошт шуданд .
Як манбаи хабарӣ эълом кард,ки ин даргирӣ ба далоили шахсӣ рух додааст ва дар он 15 нафар аз шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд .
Аммо сафорати Тоҷикистон дар Русия дахолати шаҳрвандони тоҷик дар ин даргириро рад кардааст .
Кормандони идораи консулии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав низ ба полис эълом карданд, ки дар ин даргирӣ ҳеч шаҳрванде аз Тоҷикистон дахолат надоштааст .
Бештар бихонед :
- Ҳушдори сафорати Тоҷикистон дар Русия ба коргарони муҳоҷири тоҷик
- Русия: Мақсади сафари 95 дарсад коргарони муҳоҷири тоҷик