Лағви иҷозатномаи ду бонки муфлиси Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ду бонки буҳронии Тоҷикистон "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам зад.
Ба нақл аз Sputnik, қарори расмии бозхони иҷозатномаҳои ин бонкҳоро, ки сар аз соли 2015 ба буҳрон печида буданд, сомонаи расмии Бонки миллӣ нашр кард.
Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани ҳамаи амалиётҳои хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мавҷудбуда, то таъин шудани мудири махсус манъ гардид.
"Бо вуҷуди дастгирии ҳукумати Тоҷикистон бо роҳи сармоякунонии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (с.2016) вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид",- афзудааст Бонки миллӣ.
Ҳаминтавр Бонки миллӣ иҷозатномаи "Агроинвестбонк"- ро низ бозхонд карда гуфтааст, бо вуҷуди дастгирии пайвастаи ҳукумати бо роҳи таҷдиди сохтор, ивази роҳбарият ва сармоякунонии пайдарпайи мустақим ва ғайримустақим ба ҶСК “Агроинвестбонк” солҳои 1992, 2003, 2010, 2012, 2016 вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид.
Ба иттилои манбаъ, фаъолияти молиявии бонкҳо вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва саривақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта, низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ бонкзоро ба варшикастагӣ расонид.
Бонки миллӣ гуфтааст, "Тоҷиксодиротбон" аз 5,5 ҳазор нафар ва "Агроинвестбонк" аз 27,7 ҳазор нафар қарздор аст, ки ҷуброн хоҳад шуд.
Бештар бихонед: