Фурӯши амволи ду бонки варшикаста дар Тоҷикистон
Фурӯши амвол ва дороиҳои ду бонки баста шудаи Тоҷикистон оғоз шуд.
Бар асоси ҳукми Додгоҳи вижаи иқтисодии шаҳри Душанбе, фурӯши амвол ва дороиҳои ду бонки баста шудаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”оғоз шуд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, чанд рӯз қабл намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон тарҳи мусодираи дороиҳои ду бонки баста шудаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро ба нафъи давлат тасвиб карданд.
Соли 2017 давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз варшикаста шудани ин ду ниҳоди молӣ ба мудирони “Тоҷиксодиротбонк” 2 миллиарду 25 миллион сомонӣ ва “Агроинвестбонк” 1 миллиарду 7 миллион сомонӣ қарз ихтисос дод.
Муҳлати бозпардохти ин тасҳилот 5 сол буд, аммо бо таваҷҷуҳ ба инки масъулони ин ду бонк натавонистанд қисмате аз қарзҳои дарёфтиро пардохт кунанд, тарҳи фурӯши амвол ва дороиҳои ин ду бонк дар маҷлиси Тоҷикистон матраҳ, баррасӣ ва тасвиб шуд.
Ҳамчунин эълом шуд, ки супурдаҳои муштариён аз маҳали сандӯқи бима ва ду ҳафта пас аз оғози фуруши амвол ва дороиҳои ин ду бонк ба онон пардохт хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир “Тоҷиксодиротбонк” аз 5 ҳазору 500 муштарӣ ва “Агроинвестбонк” аз 27 ҳазору 500 муштарӣ қарздор ҳастан.
Бештар бихонед: