Боздиди нахуствазири Тоҷикистон аз манотиқи селзада дар вилояти Хатлон
Нахуствазири Тоҷикистон бо сафар ба вилояти Хатлон бо раванди ҳалли мушкилоти пеш омада аз сели ахир дар ноҳияҳои Ҷомӣ ва Вахш ошно шуд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Қоҳир Расулзода масъулони вилояти Хатлон дар ин ду ноҳия мавзӯи сохти хонаҳои ҷадид барои осебдидагон ва идомаи расондани кумакҳои ғизоӣ ба хонаводаҳоро баррасӣ карданд.
Ҳамакнӯн сохти 20 хонаи ҷадид барои хонаводаҳои осебдида аз сел дар ноҳияи Ҷомӣ оғоз шудааст.
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулъоддаи Тоҷикистон аз тахриби 20 хона дар рӯстои Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вилояти Хатлон бар асари борони селосо ва рониши замин дар рӯзи 8 майи гузашта хабар дода буд.
Гуфта мешавад, ки 167 нафар аз сокинони ин хонаҳо ба маҳали амни кӯчонда ва дар чодар муваққат ҷо дода шудаанд ва ғизои гарми онҳо низ таъмин мешавад.
Ҳамчунин раванди лойрубӣ ва поксозии 10 хонаи сокинони ноҳияи Вахш оғоз шудааст.
Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ бо истифода аз таҷҳизоти вижа 300 хона аз гилу лой поксозӣ ва ҳаракати васоили нақлияи дар10 километр аз роҳи осебдида азсар гирфта шудааст.
Бештар бихонед:
- Сел дар Кӯлоб ва дастури Эмомалӣ Раҳмон барои кумак ба осебдидагон
- Борони селосо хонаҳоро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вайрон кард