Коҳиши маҳдӯдияти сафари тоҷикҳо ба Русия
Ҳукумати Русия бо тасвиби санаде маҳдӯдияти сафари тоҷикҳоро ба ин кишвар коҳиш дод.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ахиран дастуреро имзо кард, ки сафари тоҷикҳо ба ин кишварро осонтар мекунад ва дар сӯрати беҳбуди авзои коронаӣ, рафтуомад шаҳрвандони Тоҷикистонро аз марзҳои заминӣ низ имконпазир хоҳад кард.
Қаблан дар шароити густариши вируси корона танҳо ҳамсарон, волидайн, фарзандон, падархондагон ва писархондагони тоҷикҳое, ки тобеъияти русӣ доштанд метавонистанд аз марзҳои ҳавоӣ вориди ин кишвар шаванд, аммо акнӯн илова бар ин афрод, бародарон, хоҳарон, падарбузургҳо ва модарбузургҳо ва дигар ақвоми наздик низ метавонанд ба Русия сафар кунанд.
Аммо ироаи гувоҳиномаи таъйидкунандаи ҳувияту нисбати хонаводагии ин афрод бо ақвомашон, ки тобеияти Русияро доранд, дар марзҳо илзомӣ аст.
Ба далели густариши вируси корона дар як соли ахир вурӯди атбои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳо ба Русия ба шиддат маҳдӯд шуда буд, ки акнӯн ин мавонеъ ба тадриҷ бардошта мешавад.
Бештар бихонед:
- Нархи билет барои сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия аз се кишвар
- Тоҷикистониҳо барои сафари ҳавоӣ ба Русия ҳамчунон маҳдӯдият доранд
- Афзоиши дубораи қимати билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон – Русия