Май 23, 2021 10:13 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон : Ҷавононе ки бо саҳмияи Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар барнамегарданд
    Раҳмон : Ҷавононе ки бо саҳмияи Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар барнамегарданд

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба вазири маориф ва илм ва раиси дафтари раёсати ҷумҳӯрӣ дастур додааст, ки раванди бозгардондани мутахассисони тоҷик аз хориҷро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунанд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳаммадюсуф Имомзода ва Озода Раҳмон дастур додааст, ки мавзӯи бозгардондани мутахассисони тоҷик аз хориҷ ва таъмини шуғли ин афрод дар дохилро дар дастури кор қарор диҳанд .

Вай гуфтааст : Ҷавононе ки бо барномаи “Истеъдодҳои дурахшон”-и ҳукумат ва саҳмия(квота)и Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар барнамегарданд ва иллати ин вазъ тангназарии мақомоти масъӯл аст, ки тавони дидани нерӯҳои қавитар аз худро надоранд.

  Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон изофа кард : Зарурат дорад, ки мутахассисони боистеъдоде, ки дар хориҷ улӯми мухталифро фаро гирифтаанд ва кишвар ба онҳо ниёз дорад, ҷойгузини афроде шаванд, ки дар роҳи ба кор қабул кардани онон монеъатарошӣ мекунанд .

   Раҳмон афзуд : Намӯнаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки донишомӯхтаҳои хориҷ ба Тоҷикистон омадаанд, вале шуғли муносибе барои онҳо таъмин нашудааст ва дубора ба хориҷ бозгаштаанд ва ин дар ҳоле аст, ки мо заминаи омӯзиши мутахассисони касбиро дар дохили кишвар надорем .

  Ҳамасола ҳазорон нафар аз донишомӯхтагони марокизи омӯзишии хориҷӣ ба далели набуди шуғли муносиб ва маоши кофӣ, мондан дар кишварҳои дигарро бар бозгашт ба Тоҷикистон афзал мешуморанд.

    

  Бештар бихонед :

 

 

Барчасп