Май 23, 2021 19:25 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши варзишкорони тоҷик дар марафони Қирғизистон
    Дурахшиши варзишкорони тоҷик дар марафони Қирғизистон

Варзишкорони тоҷик дар нуҳумин мусобиқаи байналмилалии марафон ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз Комитети миллии олимпии Тоҷикистон 5 нафар аз давандаҳои ширкаткунандаи тоҷик дар ин рӯйдоди варзишӣ хуш дурахшиданд. 

Дар ин марафони 42 километрӣ Шокирҷон  Холов муваффақ ба касби нишони биринҷӣ шуд, ҳамчунин Бахтиёр Укоров ҳам мақоми чаҳорумро касб кард. 

Дар бахши нимаи марафон низ Ҳасанҷон Акбаралиев тавонист ҷойгоҳи сеюмро ба даст оварад ва Меҳрубонҷон Одинаев ва Ғайрат олимов низ чаҳорум ва панҷум шуданд. 

3000 давандаи зану мард аз 35 кишвар дар нуҳумин марафони  байналмилалии Қирғизистон ширкат карда буданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп