Май 24, 2021 11:49 Asia/Dushanbe
  • Марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон бархилофи манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон комилан ором аст
    Марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон бархилофи манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон комилан ором аст

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон гуфтушуниди навбатиро дар бораи аломатгузории марз анҷом доданд.

Ба нақл аз Тоҷвик, Гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатиро дар доираи комиссияи муштараки дуҷонибаи аломатгузорӣ баргузор кардаанд.

Дар ин гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти марзи давлатии ҳар ду кишвар баррасӣ карда, назарҳоро дар мавриди хатти лоиҳавии аломатгузорӣ ва насби аломатҳои сарҳадӣ дар хатти марзи давлатӣ табодул кардаанд.

Ҳар ду тараф тавофуқ кардаанд, ки корҳои саҳроии аломатгузориро дар марзи умумӣ суръат мебахшанд.

Душанбеву Тошканд ба гуруҳҳои корӣ, ки дар ҳайати онҳо заминсанҷҳо, нақшабардорҳо, намояндаҳои ВКХ, неруҳои марзбонӣ вориданд, дастур додаанд, ки то охири соли 2021 тартиби насби пояҳои наздимарзиро дар марзи ду давлат ба таври ниҳоӣ тасдиқ кунанд.

Бояд гуфт, ки таъини марзи давлатӣ миёни ду кишвар дар соли 2019 комилан ниҳоӣ шуда буд.

Ҷонибҳо ҳанӯз он замон ба таври хаттӣ дар мавриди хатти марзӣ мувофиқа карда буданд, акнун, дар натиҷаи таъини марзи давлатӣ, дар харитаҳо хатти дақиқи марзи ду давлат нишон дода мешавад.

Дарозии марзи Тоҷикистону Узбакистон 1332 километрро ташкил медиҳад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп