Май 24, 2021 21:06 Asia/Dushanbe
  • Як миллиону 400 ҳазор кӯдаки тоҷик бояд зидди полиомиелит эм карда шаванд
    Як миллиону 400 ҳазор кӯдаки тоҷик бояд зидди полиомиелит эм карда шаванд

ЮНИСЕФ ва Созмони тандурустии ҷаҳонӣ 4 миллиону 600 ҳазор доза ваксинаи фалаҷи атфолро ба Тоҷикистон таҳвил дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин тарҳ қарор аст як миллиону 400 ҳазор кӯдаки зери шаш сол  алайҳи бемории фалаҷи атфол  эмансозӣ шаванд.

 

Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Зайнаб Ал-Завӣ  ҳангоми таҳвили ин маҳмула таъкид кардааст, ки ин созмон дар оянда низ барои ваксинатсияи фалаҷи атфол ба ин кишвар  кумак хоҳад кард.

Вай мӯътақид аст ки бояд дар Тоҷикистон  мардум ва ба вижа  модарон аз зарурати иҷрои  ин барнома огоҳ шаванд то насли солими ояндаро тазмин кунанд.

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт Виктор Алшанский низ тавваҷӯҳи волидайни тоҷик ба барномаи ваксинатсияи фалаҷи атфолро хостор шуд. 

 Бар асоси барномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  истифода аз ин ваксинаҳо бахше аз иқдоми миллии ваксинатсияи фалаҷи атфол аст ки дар моҳҳои май ва июл  иҷроӣ хоҳад шуд. 

Чанде пеш  аз мақомоти масъули ин вазоратхона Наврӯз Ҷаъфаров бо ишора ба афзоиши мавориди ибтило ба фалаҷи атфол дар Тоҷикистон гуфта буд, ки иллати афзоиши ин беморӣ бетаваҷҷӯҳӣ ба тазриқи бамавқеи ваксинаи фалаҷи атфол аст. 
  
   
  Бештар бихонед:

Барчасп