Намояндаи иқтисодии Фаронса аз корхонаи алюминийи Тоҷикистон дидан кард
(last modified Tue, 25 May 2021 05:52:31 GMT )
Май 25, 2021 10:52 Asia/Dushanbe
  • Ин корхона дар замони Шӯравӣ бо истифода аз таҷҳизоти фаронсавӣ ва итолиёвӣ сохта шудааст
    Ин корхона дар замони Шӯравӣ бо истифода аз таҷҳизоти фаронсавӣ ва итолиёвӣ сохта шудааст

Намояндаи иқтисодии Фаронса, ки барои ошноӣ бо раванди бозсозии таҷҳизоти корхонаи алюминийи Тоҷикистон дар ин кишвар буд, аз маркази истеҳсолӣ дар шаҳри Турсунзода дидан кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Франсуа Силвия қаблан дар Душанбе бо вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири нақлиёт Азим Иброҳим мулоқот карда, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон акнун бо сармоягузории 500 миллион доллари Чин дар ҳоли бозсозии таҷҳизотест ва чанд ширкати аврупоӣ, аз ҷумла  фаронсавиҳо дар ин раванд мушорикат мекунанд.

Ин корхона дар даврони Шӯравӣ бо истифода аз таҷҳизоти фаронсавӣ ва итолиёвӣ сохта шуда буд ва ба далели кӯҳна шудани кураҳои обшавии ашёи хом ба эҳёи он ниёз дорад.

Гуфта мешавад, ки таҷҳизоти барқи ин корхона низ ба манзури насби васоили ҷадид, ки заминаи сарфаҷӯии бештари барқро фароҳам мекунад, таъвиз хоҳад шуд. 

Мудирияти корхонаи алюминийи Тоҷикистон мӯътақид аст ки бо поёни марҳалаи бозсозии таҷҳизотии ин маркази саноатӣ имкони тавлиди 300 ҳазор тонна алюминий дар сол  фароҳам хоҳад шуд.

То соли 2016 дар ин марказ наздик ба 500 ҳазор тонна алюминий дар сол тавлид мешуд, ки ба далели фарсудагии таҷҳизот акнун ба 100 ҳазор тонна дар сол коҳиш ёфтааст. 

 

 Бештар бихонед: