Зарари тоҷикҳо аз бадаҳдии коргарони узбек дар Русия
(last modified Tue, 25 May 2021 13:28:29 GMT )
Май 25, 2021 18:28 Asia/Dushanbe
  • Ширкати русии “ТехСтрой” ба қавли худ барои бурдани ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик ба Русия амал накард
    Ширкати русии “ТехСтрой” ба қавли худ барои бурдани ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик ба Русия амал накард

Бо вуҷӯди сафари 15 нафар аз намояндагони як ширкати сохтумонсозии Русия ба Хуҷанд барои гузиниши коргар дар бахши сохту соз дар Маскав ва атрофи он, ин ширкат ба тааҳҳудоташ амал накард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, намояндагони ширкати “ТехСтрой” дар моҳи март дар шаҳри Хуҷанд барои ҷазби 1 ҳазор коргар дар бахши сохту соз дар пойтахти Русия ва атрофи он озмӯн баргузор карданд.

Мақомоти ин ширкат дар он замон эълом карда буданд, ки коргарони мавриди ниёзи ин ширкати русӣ бояд дар заминаи сохтумонсозӣ, аз ҷумла биноӣ, барқкорӣ, лӯлакашӣ ва ҷӯшкорӣ тахассус дошта бошанд ва ҳамчунин ба забони русӣ мусаллат бошанд.

Гуфта шуда буд, коргарон пас аз пазируфта шудан дар озмӯн, машғӯл ба кор хоҳанд шуд.

Ин ширкати русӣ ҳамчунин мебоист ҳазинаи 90 ҳазор рубли интиқоли коргарони тоҷик бо ҳавопаймо, таҳияи хобгоҳ, либоси кор ва се ваъда ғизоӣ ононро таъмин мекард.

Аммо ахиран маълум шуда, ки ин тарҳ иҷроӣ нашудааст ва далели он низ эълом нашудааст.

Набиҷон Гулмуҳаммадов, мудири ширкати " Олами Саёҳат" дар Хуҷанд, ки бо ширкати русии ёдшуда қарордоди ҳамкорӣ имзо карда буд, мегӯяд: «ин ширкат қаблан 5 ҳазор коргари муҳоҷирро аз Узбекистон ба Русия мунтақил карда буд, аммо узбекҳо ба ҷои онки дар марокизи сохту сози ин ширкат фаъолият кунанд, ба маҳали кори хеш дар Русия, ки қабл аз густариши вируси корона машғӯл буданд, рафтаанд. Аз ин рӯ, мудирияти ширкати “ТехСтрой” тасмим гирифтааст, ки аз Тоҷикистону Узбекистон дигар коргар истихдом накунад.»

Бо ин ҳол, Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин замина танҳо ба дархости катбии хабаргузориҳо посух хоҳад дод.

Бештар бихонед: