Май 25, 2021 20:01 Asia/Dushanbe
  • Нишасти хабарии сафири Фаластин дар Душанбе
    Нишасти хабарии сафири Фаластин дар Душанбе

Сафири Фаластин дар Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе дар бораи таҷовузоти ахири режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва талафоту хисороти ворида ба ин минтақа тавзеҳ дод.

Ба гузориши сомонаи Авесто, Луи Исо дар ин нишаст, ки дар сафорати Фаластин дар Душанбе баругзор шуд, гуфт, ки мардуми кишвараш ба муборизоти хеш барои ташкили кишвари мустақил ба пойтахтии Байтулмуқаддас идома хоҳад дод.

Вай дар мавриди ҳамалот ва таҷовузҳои ваҳшиёна алайҳи Борикаи Ғазза ва фаластиниҳо тайи рӯзҳои 10 то 21 май соли ҷорӣ гуфт, бар асари ин таҷовузот 278 тан, аз ҷумла кӯдакон, занон ва солмандон шаҳид ва 8 ҳазору 900 тан захмӣ шудаанд. Танҳо дар Навори Ғазза шумори шаҳидон ба 248 нафар расидааст. Саҳюнистҳо ҳатто 70 хабарнигорро захмӣ карданд то аз ифшои ҷиноёти хеш алайҳи миллати Фаластин ҷилавгирӣ кунанд.

Сафири Фаластин дар Тоҷикистон танҳо роҳи барқарории сулҳ дар Фаластинро озодии комили ин сарзамин аз ишғоли режими саҳюнистӣ унвон кард ва хостори ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз муборизоти бар ҳаққи миллати Фаластин барои расидан ба ин муҳим шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп