Панҷумин даври машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон баргузор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i67720-Панҷумин_даври_машваратҳои_сиёсии_Тоҷикистону_Покистон_баргузор_шуд
Панҷумин даври машваратҳои сиёсӣ байни ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Покистон дар қолаби видеоконфронс баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Май 26, 2021 17:49 Asia/Dushanbe
  • Раёсати ин музокиротро Хусрав Нозирӣ ва Суҳайл Маҳмуд муовинони аввали вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Покистон бар ӯҳда доштанд
    Раёсати ин музокиротро Хусрав Нозирӣ ва Суҳайл Маҳмуд муовинони аввали вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Покистон бар ӯҳда доштанд

Панҷумин даври машваратҳои сиёсӣ байни ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Покистон дар қолаби видеоконфронс баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раёсати ҳайатҳои ду тараф дар ин музокиротро Хусрав Нозирӣ ва Суҳайл Маҳмуд, муовинони аввали вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Покистон бар ӯҳда доштанд.

Дар ин музокирот равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар заминаҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ байни порлумонӣ, иқтисодӣ ва тиҷорат, амнияту дифо, омӯзишу фарҳанг баррасӣ шуд.

Илова бар ин, ду тараф дар мавриди ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, амнияти минтақаӣ, мубориза бо терроризим қочоқи маводи мухаддир баҳсу табодули назар карданд.

Ду кишвар зимни ибрози ризоят аз сатҳи ҳамкории ду ҷониба бар омодагии худ дар масири густариши бештари равобит бо рӯҳияи дӯстӣ ва дарки мутақобил таъкид карданд.

Бештар бихонед: