Сохти Маркази нигаҳдории кӯдакони маъюб бо кумаки молии Ҷопон дар шаҳри Хуҷанд
-
Маркази нигаҳдории кӯдакони маъюб дар Хуҷанд
Ҷопон ҳудуди 88 ҳазор доллар барои сохти Маркази нигаҳдории кӯдакони маъюб дар Хуҷанд сарф кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар маросими ифтитоҳи маркази тавонбахшии маъюбони шаҳри Хуҷанд Миошито Токоёки- сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Фирӯзаи Нуруллоҳзода-муовини шаҳрдори Хуҷанд ҳузур доштанд .
Ин тарҳ дар чорчӯби барномаи " Кумакҳои ройгон барои умуми мардум ва амнияти башардӯстонаи давлати Ҷопон " иҷро шуд .
Ҳадафи аслӣ аз сохти ин марказ афзоиши сатҳи зиндагии кӯдакони маъюб ва ҳамчунин ироаи хадамоти иҷтимоии матлуб ба онҳо будааст .
Ин марказ имкони пазириши 500 кудаки маъюб аз шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофро барои иқдомоти дармонӣ ва тавонёбӣ дорад .
Бештар бихонед :