Фарзанди вазири собиқи энержӣ ва оби Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст
Идораи полиси шаҳри Душанбе Диловар Гулов фарзанди вазири собиқи энержӣ ва оби Тоҷикистон Гул Шералиро таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар иттилоъияи идораи полиси шаҳри Душанбе таъкид шудааст, ки Диловар Гулов ба иттиҳоми мушорикат дар як низоъ дар як ресторан дар пойтахти Тоҷикистон, ки бо кордкашӣ ва захмӣ шудани афрод ҳамроҳ будааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.
Идораи полиси Душанбе бо эъломи шумораи телефонҳои тамос аз сокинони Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар бораи сурати мушоҳидаи Диловар Гулов бо полис тамос бигиранд.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи ин низоъ Алишери Гулов бародари Диловар низ. ки дар моҷаро ҳузур дошт ва фирор карда буд, дар қаламрави вилояти Суғд боздошт шудааст.
Аммо исми Диловар Гулов борҳо дар ҳаводиси мухталиф дар шаҳри Душанбе расонаӣ шуда ва вай боздошт, зиндонӣ ва ҷарима низ гардидааст.
Фарзанди вазири собиқи энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дар соли 2018 ба иттиҳоми даст задан ба низоъ дар ресторане дар шаҳри Душанбе ба 15 рӯз зиндон маҳкум шуд.
Ҳамчунин вай пас аз чанде дар соли 2018 ба далели даргирӣ бо корманди идораи роҳнамоии ронандагӣ ба як сол зиндон маҳкум шуда буд.
Дар соли 2015 вай ба иттиҳоми ронандагии мошин бо шишаи сиёҳи ғайримуҷоз ба пардохти 5 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум шуд.
Бештар бихонед: