Ноябр 07, 2021 15:59 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷаримаи пиёдагузарҳои қонуншикан дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи ташдиди муҷозоти пиёдагузарҳои қонуншиканро тасвиб кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, акнун мизони ҷаримаи молии ин афрод аз 30 сомонӣ ба 120 сомонӣ афзоиш ёфт.
Мирзоамон Рофизода-муовини додситони кулли Тоҷикистон ҳангоми тасвиби ин лоиҳа дар Маҷлиси Намояндагон гуфт : Аз оғози соли ҷорӣ дар ин кишвар 825 ҳазор мавриди поймолсозии қонуни роҳу ронандагӣ ба қайд гирифта шуда, ки дар 124 ҳазор маврид қонуншиканҳо пиёдагузарҳо буданд .
Вай афзуд : Ҳамчунин кормандони полиси ронандагӣ бар асоси гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон фақат таи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ 7 ҳазор нафар пиёдагузарҳоро барои тахаллуф ҷарима кардаанд .

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон муътақиданд, ки дар кишвар мавриди тахаллуфи пиёдагузарон, ки муҷиби вуқуъи ҳаводиси ронандагӣ мешавад, афзоиш ёфтааст ва танҳо роҳи муқобила бо ин падида афзоиши ҷаримаи афрод мутахаллиф аст.

 

Барчасп