Феврал 16, 2023 13:49 Asia/Dushanbe
  • 3 афсари полис ба далели саҳлангорӣ боздошт шуданд
    3 афсари полис ба далели саҳлангорӣ боздошт шуданд

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, се корманди вазоратхона дар пайи марги Абдуқаҳҳор Розиқов боздошт шуданд.

Рамазон Раҳимзода гуфт, дар пайи марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, 3 афсари полис ба далели саҳлангорӣ боздошт шуданд.

Абдуқаҳҳор Розиқовро маъмурони полис дастгир карданд, аммо ӯ ба тарзи мармузе ҷон бохт.

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар робита ба ин парванда чанд тан аз кормандони идороти умури дохила барканор шуданд.

Рамазон Раҳимзода гуфт, муовини аввали вазир аз маҳалли ҳодиса боздид ва аз наздик дар ҷараёни вазъият қарор гирифт.

Абдуқаҳҳор Розиқов аз аҳолии шаҳри Кӯлоб шаби 2 январ, пас аз боздошт аз сӯи маъмурони полис дар шароити мармузе ҷон бохт. Дар пайи ин ҳодиса даҳҳо тан аз аҳолии шаҳри Кӯлоб дар муқобили сардхонаи бемористони ин шаҳр таҷаммуъ карданд ва аз масъулон хостори иллати марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва муҷозоти омилони он шуданд.

Наздиконаш иддао мекунанд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон бохтааст. Аммо Вазорати умури дохила дар баёнияе эълом кард, ки вай бар асари масрафи беш аз ҳади Амфетамин ҷони худро аз даст додааст.

Додситони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки ҳанӯз иллати марги ӯ мушаххас нашудааст.

 

Барчасп