Тоҷикистон воридоти нуриҳои кимиёвиро афзоиш медиҳад
(last modified Fri, 28 May 2021 15:08:57 GMT )
Май 28, 2021 20:08 Asia/Dushanbe
  • Танҳо корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистон тақрибан 10 сол боз кор намекунад
    Танҳо корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистон тақрибан 10 сол боз кор намекунад

Тоҷикистон имсол воридоти 170 ҳазор тонна нуриҳои кимиёвиро ба маблағи 40 миллиону 500 ҳазор доллар ба нақша гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, дар барномаи рушди иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2021 то 2023 таъкид шудааст, ки ин мизон  воридоти нуриҳои кимиёвӣ дар муқоиса бо соли 2020 наздик ба 3 дарсад бештар хоҳад буд. 

Ин дар ҳолест, ки ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи қариб 10 сол аст, ки ягон маҳсулот истеҳсол намекунад ва тақдири он маълум нест.

 Соли 2001 ин корхонаро Дмитрий Фиртош сармоягузори украинӣ харид, аммо дар соли 2014 додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон  ҳукми мусодираи онро содир кард. 

Дар соли 2016 як ширкати чинӣ мутаъаҳҳид шуд, ки бо бозсозии ин корхона  истеҳсоли нуриҳои кимёвиро ба тадриҷ ба 800 ҳазор тонна дар сол  хоҳад  расонд, ки ин тарҳ низ иҷро нашуд ва ҳукумати Тоҷикистон  қарордодро лағв кард.

Аммо Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии идораи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон, аввали соли равон эълон кард, ки саҳмияҳои корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш ба маблағи 200 миллион доллар фурӯхта шудаанд.

То ҳол дар бораи харидори ин корхона ва усули пардохти қарзи 25 миллион долларии он хабаре нашр нашудааст.

 

Бештар бихонед: