Январ 22, 2022 21:07 Asia/Dushanbe
  • Умедворӣ ба азсаргирии фаъолияти Корхонаи нуриҳои минералии Вахш

Танҳо Корхонаи нуриҳои минералии Тоҷикистон пас аз 10 сол таваққуф метавонад, фаъолияти худро дубора оғоз кунад.

Ба гузориши сомонаи Топтҷ, мақомоти шаҳри Левакант дар вилояти Хатлон бидуни ифшои номи молики ҷадиди ин корхона гуфтаанд, ки ин миркази тавлидӣ, 97 дарсад аз қарзи худро бобати ҳуқуқ ва дастмузди коргарон пардохт карда ва то шаш моҳи дувуми соли ҷорӣ бақияи қарзҳоро низ тасвия хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки аз соли 2000 то кунун мизони қарзи ин корхона ба коргаронаш бобати ҳуқуқ ва дастмузд ба 6 миллионсомонӣ расидааст. Аммо молики ҷадид бояд тайи 3 сол наздики хати лӯлаи итниқоли газ аз ноҳияи Ёвон то ин маркази тавлидиро бисозаду заминаи иштиғол барои як ҳузору 200 нафарро фароҳам намояд. Ҳамчунин пардохти қарзи умумӣ бобати молиёт ва бозсозии ин корхона ба маблағи 59 миллионсомонӣ барномарезӣ шудааст. Танҳо корхонаи тавлиди нуриҳои минералии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мутааллиқ ба Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва фаъоли бахши хусӯсии зиндонии ин кишвар ва Дмитрий Фирташ сармоядори украинӣ буд. Аммо ин маркази тавлидӣ баъдан ба як ширкати чинӣ вогузор шуд, ки ба далели нотавонии чиниҳо дар бозсозӣ ва фаъолият дубора, ин маркази тавлидӣ токунӯн ба молики ҷадид вогузор шудааст.

 

Барчасп