Барномарезии Бонки Миллии Тоҷикистон барои пардохти қарзи бонкҳои муфлисшуда
(last modified Sat, 29 May 2021 06:30:42 GMT )
Май 29, 2021 11:30 Asia/Dushanbe
  • Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк дар 5 соли ахир натавонистаанд амонати муштариёнро пас бидиҳанд
    Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк дар 5 соли ахир натавонистаанд амонати муштариёнро пас бидиҳанд

Бонки Миллии Тоҷикистон бо барканории раисони ду бонки барҳамхурдаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” барои ҳисоббаробаркунии қарзи ин ду ниҳод, раисони муваққатро мансуб кард.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Бонки Миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва Тоҷиддин Пирзодаро аз мудирияти ин ду бонк барканор ва масъулияти ҳисоббаробаркунӣ бо созмонҳову муштариёни талабкори ин ду бонкро ба Даврон Тухтаров ва Ҷамшед Абдурраҳмонов вогузор кард.

Ҳамакнун “Тоҷиксодиротбонк” ба 5 ҳазору 500 муштарӣ ва “Агроинвестбонк” ба 27 ҳазору 500 муштарӣ қарздор ҳастанд, ки бояд бо ҳукми додгоҳи вижа аз ҳисоби фурӯши амвол ва дафтарҳои худ талаби ононро пардохт кунанд.

Ҳарчанд, ки ин ду бонк бо мушкили ҷиддии пардохти қарзи муштариёни худ рӯ ба рӯ шуда ва дар 5 соли ахир натавонистаанд супурдаҳои ононро пас бидиҳанд.

Дар пайи бурӯзи буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015 ва нотавонии бонкҳо дар бозпардохти талаби муштариён, иҷозатномаи ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ва беш аз 20 ташкилоти хурди қарзӣ бекор шуданд, ки то кунун низ натавонистаанд қарзи худро бипардозанд.

 

Бештар бихонед: