Дидори намояндагони сиёсии хориҷии муқими Тоҷикистон аз «Бешаи палангон»   
(last modified Sat, 29 May 2021 14:32:47 GMT )
Май 29, 2021 19:32 Asia/Dushanbe
  • «Бешаи палангон» дар ҷануби Тоҷикистон 50 ҳазоргектар вусъат дорад
    «Бешаи палангон» дар ҷануби Тоҷикистон 50 ҳазоргектар вусъат дорад

Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи 29 май намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанберо ба дидани минтақаи ҳифозат шудаи «Бешаи палангон»  дар наздикии марз бо Афғонистон бурд.

Ба гузориши Авесто, намояндагони сиёсии 23 кишвар ва 11 созмони байналмилалӣ бо сафар ба «Бешаи палангон» бо табиати зебо ва гӯнаҳои ҷонварӣ ва гиёҳии ин минтақа ошно шуданд.

Кумитаи давлатии ҳифози муҳити зисти Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин боздид метавонад барои сабти номи «Бешаи палангон» дар феҳристи осори созмони ЮНЕСКО мусоидат кунад.

Минтақа ҳифозатшудаи «Бешаи палангон» дар маҳали пайванди ду рӯдхонаи Вахш ва Панҷ дар масоҳати 50 ҳазоргектар замин воқеъ шудааст.

Ин минтақа дар соли 1938 эҷод шуда ва гӯнаи аз ҳама бештари он, оҳӯи холдори бухорӣ мебошад.

Донишмандон мегӯянд, ки охирин паланг дар ин минтақа дар нимаи қарни 20 мушоҳида шуда ва дигар аз ин ҷонвар хабаре нест.

Мақомоти Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон эълом кардаанд, ки масоҳати манотиқ ҳифозат шуда дар ин кишвар аз 85 ҳазору 625 гектар дар соли 1991 ба 2 миллиону 849 ва ҳазору 348 гектар дар соли 2020 расидааст.

Бештар бихонед: