Пас аз Қаракалисо ва майдони Нақши Ҷаҳон, интизор барои сабти 28-умин асари торихӣ - табиии Эрон дар ЮНЕСКО + тасовир
(last modified 2024-07-18T09:10:15+00:00 )
Июл 18, 2024 14:10 Asia/Dushanbe
  • Мнтизорӣ барои сабти 28-умин асари торихӣ - табиии Эрон дар ЮНЕСКО
    Мнтизорӣ барои сабти 28-умин асари торихӣ - табиии Эрон дар ЮНЕСКО

Порстудей. Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳафтаи оянда дар мавриди сабти ҷаҳонии нақши барҷастае аз ҳигматона дар қолаби парвандаи «Ҳигматона ва маркази таърихии Ҳамадон» тасмимгирӣ хоҳад кард.

То кунун 27 асари таърихии табиии Эрон дар ЮНЕСКО сабт шудааст ва теъдоде парванда низ дар дастури кор барои такмилу сабти ҷаҳонӣ қарор дорад. Тибқи эъломи Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ҳафтаи оянда дар мавриди сабти ҷаҳонии нақши барҷастае аз ҳигматонаи Эрон тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Бархе аз осоре, ки то кунун ба сабти ҷаҳонӣ расида, иборатанд аз Чуғозанбил, Тахти Ҷамшед, Майдони Нақши Ҷаҳони Исфаҳон, Тахти Сулаймон, Чашмандози фарҳангии Арги Бам, Посоргод, Гунбади Султония, Сангнавиштаи Бесутун, маҷмӯаи осори Руҳбонии Аромана, Созаҳои обии Шуштар, Бозори таърихии Табрез, Оромгоҳи шайх Сафиуддини Ардабилӣ, Боғи эронӣ ва . . . .

Дар ин матлаб аз “Порстудей”, нигоҳе дорем ба чанд осори машҳуди сабти ҷаҳонишудаи Эрон:

Чуғозанбил

Зигуроти ДурУнтош, ки бо ном «Чуғозанбил» шинохта мешавад, ниёишгоҳе бостонӣ аст, ки ҳудуди ҳазору 250 сол қабл аз мелод дар тамаддуни Элом сохта шудааст. Ин зигурот бо баландии 52 метр, дорои 5 табақаи мураббаишакл аст.

Чуғозанбил

 

Зигуроти Чуғозанбил (теппаи сабадӣ ба забони лурӣ) бинои марказии муҳавватаи бостонии баҷомонда аз маҷмӯаи эломии ДурУнтош (шаҳри Унтош) аст, ки наздики Шуш дар устони Хузистон қарор гирифтааст.

Чуғозанбил

 

Чуғозанбил дар соли 1979 мелодӣ ба унвони нахустин асари таърихӣ аз Эрон дар феҳристи мероси ҷаҳонии Юнеско ҷой гирифт. Ховаршиносон Чуғозанбилро қадимитарин сохтмони мазҳабии шинохташуда дар Эрон медонанд.

 

Тахти Ҷамшед

Мутобиқ бо асноди мавҷуд, сохти ин бинои азиму таърихӣ ҳудудан 500 соли пеш аз мелоди Масеҳ ба дастури Дориюши Бузург оғоз шуд ва сохти он 150 сол тӯл кашид.

Тахти Ҷамшед

 

Тахти Ҷамшед дар гузашта номҳои мухталифе доштааст, аммо дар ниҳоят «Тахти Ҷамшед» ё «Қасри Шоҳии Ҷамшед» - подшоҳи номиву шинохташудаи Эрон, барои ин асари таърихии хориқуулода интихоб шуда, то шукуҳи онро ба тасвир бикашад.

Номи Тахти Ҷамшед аз соли 1979 дар феҳристи осори ҷаҳонии ЮНЕСКО ба чашм мехӯрад.

Тахти Ҷамшед

 

Ин маҷмӯа шомили биноҳои мухталифе аст, аз ҷумла Дарвозаи милал, Дарвозаи сангӣ, ки ду нигаҳбон аз он муҳофизат мекунанд.

Тахти Ҷамшед

 

Ин дарвоза маҳалли вуруди намояндагони миллатҳои мухталиф будааст. Кохи Оподоно, Кохи Тачаро, Кохи Ҳадиш аз дигар биноҳои ин муҳаввата ҳастанд.

 

Майдони Нақши Ҷаҳони Исфаҳон

Майдони Нақши Ҷаҳони Исфаҳон дар шимоли шаҳри Исфаҳон воқеъ шудааст. Ин майдон дар соли 1358 дар листи мероси ҷаҳонии Юнеско ба сабт расидааст.

Нақши Ҷаҳони Исфаҳон

 

Пеш аз давраи Сафавия дар ин майдон як боғи зебо ба номи Нақши Ҷаҳон вуҷуд доштааст. Ин майдон тӯле бештар аз 560 метр ва арзе баробар бо 160 метр дорад. Муҳити ин майдон бо 200 ҳуҷраи дутабақа пӯшонда шудааст.

Нақши Ҷаҳони Исфаҳон

 

Биноҳои таърихии зебое дар дили Нақши Ҷаҳон қарор гирифтааст, ки метавон ба Масҷиди ҷомеи Аббосӣ, Масҷиди Шайх Лутфуллоҳ, Иморати Олии Қопу, Сардари Қайсария ва Бозори Қайсария ишора кард.

 

Қаракалисо

Қаракалисо яке аз шигифтиангезтарину пурнақшунигортарин калисоҳое аст, ки дар Эрон вуҷуд дорад. Ин калисо қидмате тӯлонӣ дошта ва ба унвони нахустин калисои ҷаҳони масеҳият шинохта мешавад. Ин калисое бисёр қадимӣ рӯи мазори яке аз ҳавориюни ҳазрати Масеҳ (Исо) (а) ба исми Тотоус сохта шуда, аммо ба далели қароргирӣ дар рустои Қараи шаҳристони Чолдурон, ба он Қаракалисо ва калисои Чолдурон ҳам мегӯянд.

Қаракалисо

 

Бинои таърихии Қаракалисо ба далели меъмории хос ва беназире, ки дорад, дар соли 1387 ба сабти ҷаҳонӣ расидааст.

Танҳо қидмати Қаракалисо сабаби аҳамияти ин макон дар ҷаҳони масеҳият нашудааст, балки сохтмони мутафовиту пур аз нақшу нигор Қаракалисоро ба як асари зебову хоси ҳунарӣ табдил кардааст.

 

Гунбади Султония

Гунбади Султония бузургтарин гунбади оҷурии ҷаҳон баъд аз гунбади калисои «Санта Мария дел Фиоре» аст. Ин гунбади оҷурӣ (хиштӣ) ба лиҳози фоктурҳои мутааддиде монанди таносуботи дар назаргирифташуда миёни аҷзои мухталиф, тазйинот, сабки меъмории мутафовит, робитаи фазоҳо, муқовимати бино, истоӣ, истифода аз масолеҳи бумовард ва ба кор бурдани текникҳои гуногун барои зебоишиносӣ ва тазйини гунбад, як намунаи комилан хосу мунҳасир ба фард дар меъмории гунбадҳо дар Эрон ва ҷаҳон аст.

 

Ин бино ба унвони ҳафтумин асари эронӣ дар феҳристи мероси ЮНЕСКО ба сабт расидааст.

Гунбади Султония

 

Артур Поп, яке аз барҷастатарин муҳаққиқони амрикоӣ Гунбади Султонияи Занҷонро инчунин тавсиф мекунад: “Биное аст мустаҳкам, ки ҳар як аҷзои бакоррафта дар он дуруст дар ҷои муносиби худ қарор гирифтаанд то чунин шоҳкори зебое халқ шавад”.

Вай бовар дорад, ки ин гунбад рӯи сохти Тоҷмаҳал таъсиргузор будааст.

 

 

Барчасп