Дувумин сафари Ҷабборов ба вилояти Ботканд дар як моҳи ахир
Раисҷумҳури Қирғизистон дар дувумин сафари хеш ба вилояти Ботканд дар як моҳи ахир мушкили аломатгузории марз бо Тоҷикистонро матраҳ кард, аммо аз даргирии хунини моҳи апрел сухане ба миён наёвард.
Ба нақл аз Акипресс, Садир Ҷабборов дар ин сафар бо раванди сохти ду роҳи иртиботии ҷадид миёни деҳаи Оқсой ба минтақаи Минбулоқ ба тӯли 48 километр ва Самарқандӣ ба Дорқам ба тӯли 41 километр ошно шуд, ки бо такмили ин ду тарҳ барои рафту омад миёни деҳаҳои қирғизнишин дигар ниёзе ба вуруд ба қаламрави Тоҷикистон нахоҳад буд.
Гуфта мешавад, ки роҳи дувум заминаи иртиботи ноҳияҳои Ботканду Лайлаки Қирғизистонро бидуни вуруд ба қаламрави Тоҷикистон фароҳам месозад.
Садир Ҷабборов дар дидор бо сокинони ин минтақа ва коргарони ширкатҳои роҳсозӣ гуфтааст, ки ду масири ҷадид барои Бишкек аҳаммияте роҳбурдӣ дорад ва мавзуи аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ чандон сода нест ва бояд барои ҳалли ин мушкил бархе манотиқ бо кишвари ҳамсоя иваз шавад.
Бо ин ҳол, вай дар бораи даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 28 ва 29 апрели гузашта, ки беш аз 300 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, сухане ба миён наёвард.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар даргирии хунини рӯзҳои 28 ва 29 апрели гузашта миёни марзбонони ин кишвар ва Тоҷикистон 46 хона дар ноҳияи Ботканд ва 93 хона дар ноҳияи Лайлак ба таври комил вайрон шудааст.
Ҳамчунин онон аз вайронии 5 мактаб, ду маркази дармонӣ, 3 кӯдакистон, ду посгоҳи полис, ду посгоҳи марзбонӣ, 24 маркази сӯхтгирӣ ва 60 дукони тиҷорӣ хабар додаанд.
Бештар бихонед:
-
Истиқрори посгоҳҳои ҷадид дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
-
Қирғизистон марзи худро бо Тоҷикистон ба таври комил баст