Май 31, 2021 11:26 Asia/Dushanbe
  • Қонуни маҳдудияти бакоргирии афроди дорои собиқаи ҷиноӣ дар бархе аз шуғлҳо дар Тоҷикистон тасвиб шуд
    Қонуни маҳдудияти бакоргирии афроди дорои собиқаи ҷиноӣ дар бархе аз шуғлҳо дар Тоҷикистон тасвиб шуд

Парлумони Тоҷикистон раисшавӣ барои афродеро, ки бадкорӣ кардаанду доғи судӣ доранд ё аз ҷавобгарӣ озод шудаанд, маҳдуд кард.

Ба нақл аз Sputnik, дар Тоҷикистон барои афроде, ки доғи судӣ доранд, дар бахши роҳбарӣ ва таъсиси ширкатҳо маҳдудият ҷорӣ гардид.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар парлумон гуфт, барои афроде, ки доғи судӣ доранд, фаъолияти аудиторӣ, ҳамчун роҳбар ва ё узви шӯрои директорон, шӯрои нозирон, мақоми иҷроия, муассис ва ё молик — бенефитсиари ташкилоти аудиторӣ маҳдуд карда шуд.

Тағйироти мазкурро ба қонун “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ”, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон қабул кард.

Вазир тавзеҳ дод, ба феҳрасти афроде, ки роҳашон ба раисию фоидагирӣ дар ин бахш маҳдуд шудааст, онҳое ҳам дохил гардиданд, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон, яъне барои гузаштани муҳлат, аз ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод гардидаанд.

Вазир ҳадафи қонунро мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, ё худ пулшӯӣ гуфтаст.

Масъулин мегӯянд, ин иқдом мубориза бо пулшӯиро дар кишвар тақвият медиҳад.

Қаблан барои мубориза бо пулшӯӣ нотариусҳои кишвар муваззаф шуда буданд, аз созишҳои мулумулкӣ ба маблағи беш аз 105 ҳазор сомонӣ, ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳанд. Инчунин нотариусҳо бояд аз амалиёт бо амволи ғайриманқулу коғазҳои қиматнок, ки маблағашон беш аз 12 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, мақомотро огоҳ намоянд.

Ниҳоди масъули муқовимат бо қонунигардонии пулҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада, Бонки миллӣ таъйин шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп