Сафари вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Эрон оғоз шуд
(last modified Mon, 31 May 2021 06:45:37 GMT )
Май 31, 2021 11:45 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо терроризму ифротгарӣ, авзои Афғонистон ва масоили амнияти минтақа муҳимтарин меҳварҳои гуфтугуи Раҳмонии Фазлӣ ва Раҳимзода аст
    Мубориза бо терроризму ифротгарӣ, авзои Афғонистон ва масоили амнияти минтақа муҳимтарин меҳварҳои гуфтугуи Раҳмонии Фазлӣ ва Раҳимзода аст

Субҳи имрӯз душанбе 31 май вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба ҷумҳурии исломии Эрон сафар намуд.

Ба нақл аз Ховар, дар доираи сафари мазкур вохурии ҳайати Тоҷикистон  бо роҳбарони воломақоми ҷумҳурии исломии Эрон вобаста ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои корӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар ҷарёни сафари корӣ ба имзорасонии як зумра санадҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.

Сафари вазири дохилаи Тоҷикистон ба Эрон дар ҳоле оғоз шуд, ки дар моҳи феврали имсол Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон дар сафар ба Тоҷикистон дар дидор бо мақомоти Душанбе мавзуи ҳамкории дуҷониба дар масоили амниятиро баррасӣ карда буд.

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ дар Душанбе дар бораи зарурати ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону Эрон дар муқобила бо таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир ва низ муқобила бо густариши вируси корона баҳсу табодули назар шуда буд.

6 апрели 2021 низ вазири дифои Тоҷикистон дар сафаре серӯза ба Эрон бо мақомҳои баландпояи Теҳрон дидору табодули назар кард.

Бештар бихонед: