Май 31, 2021 19:01 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намоишгоҳи китоб дар шаҳри Душанбе

Намоишгоҳи китоб дар Душанбе ифтитоҳ мешавад.

Ин намоишгоҳ аз аввали июн дар бӯстони Рӯдакии шаҳри Душанбе ифтитоҳ хоҳад шуд.

Дар ин намоишгоҳ, ки бо талоши нашриёти “Адиб”-и Тоҷикистон кушоиш хоҳад ёфт, китобҳову девони шоирон ва нависандагони номдоре назири Лоиқ Шералӣ, Абдулғафур Абдуҷаббор, Садриддин Айнӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ барои фурӯш дар маърази диди боздидкунандагон қарор хоҳад гирифт.

Интишороти “Адиб” барои сеюмин сол аст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи китоб баргузор мекунад.

 

Бештар бихонед: