Душанбе мизбони мусобиқоти футболи ҷоми CAFA   
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i68006-Душанбе_мизбони_мусобиқоти_футболи_ҷоми_cafa
Мусобиқоти футболи ҷоми “CAFA – 2021” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 31, 2021 20:49 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони мусобиқоти футболи ҷоми CAFA   

Мусобиқоти футболи ҷоми “CAFA – 2021” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқот дар бахши бонувон, дар радаи синнии зери 20 сол баргузор мешавад.

Ин аввалин давра аз ин рақобатҳост, ки бо назорати Иттиҳоди футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

Тибқи эъломи Федератсияи футболи Тоҷикистон, тимҳои ширкаткунанда аз 11 то 17 июн бо якдигар рақобат мекунанд.

Дар ин давра тимҳои футболи занони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон ҳузур доранд.

 

Бештар бихонед: