Июн 01, 2021 09:35 Asia/Dushanbe
  • Тарафи Тоҷикистон заминаи мушорикати ширкатҳои фаронсавӣ дар сохти нерӯгоҳи Себзорро аз тариқи баргузории муноқиса фароҳам хоҳад сохт
    Тарафи Тоҷикистон заминаи мушорикати ширкатҳои фаронсавӣ дар сохти нерӯгоҳи Себзорро аз тариқи баргузории муноқиса фароҳам хоҳад сохт

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз ширкатҳои фаронсавӣ хост, ки дар сохти нерӯгоҳи барқи обии Себзор, дар вилояти Бадахшон сармоягузорӣ кунанд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Далер Ҷумъа ин матлабро дар дидор бо Мишел Тарран, сафири Фаронса дар Душанбе унвон кардааст.

Вай гуфтааст, ки тарафи Тоҷикистон заминаи мушорикати ширкатҳои фаронсавӣ дар сохт ин нерӯгоҳро аз тариқи баргузории муноқиса фароҳам хоҳад сохт.

Қаблан Иттиҳоди Аврупо барои сохти ин нерӯгоҳ 41 миллион евро ва ҳукумати Олмон 20 миллион евро ихтисос дода буданд.

Нерӯгоҳи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон бо зарфияти тавлиди 60 миллион киловатт соат барқ дар сол, аз 29 июли соли 2015 дар ҳоли сохт аст.

Бо сохти ин нерӯгоҳ, барои наздик ба 60 нафар аз коргарони ноҳияи Роштқалъа шуғл эҷод мешавад ва ин нерӯгоҳ барқи мавриди ниёзи 220 ҳазор нафар аз сокинони вилояти Бадахшонро низ таъмин хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки дар фаслҳои баҳору тобистон ин нерӯгоҳ метавонад барқи изофатавлидро ба Афғонистон содир кунад.

Дар чорчӯби ин барнома, хати 220 киловатӣ барои интиқоли барқи нерӯгоҳи Себзор ба шаҳри Хоруғи Бадахшон ба тӯли 18 километр сохта мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп