Ҳукумати Тоҷикистон дороиҳои ду бонки барҳамхурдаро мусодира мекунад
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи мусодираи дороиҳои ду бонки иҷозатномааш бекоршудаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба нафъи давлатро тасвиб кард.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия ҳангоми ироаи ин тарҳ ба Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон гуфт: Маблағи ҳосил аз фурӯши дороиҳои ин ду бонк ба далели нотавонӣ дар пардохти қарзи давлатӣ дар соли 2017, пас аз фурӯш ба буҷет ворез хоҳад шуд.
Вай афзуд: Дар соли 2017 Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” 2 миллиарду 25 миллион сомонӣ ва “Агроинвестбонк” 1 миллиарду 7 миллион сомонӣ вом ихтисос дод, ки мебоист тайи 5 сол бозпардохт шавад.
Бар асоси тавофуқи дуҷониба, ин ду бонк муваззаф буданд, ки дар соли 2017 наздик ба 5 дарсад, 2018 дар ҳаҷми 20 дарсад ва солҳои баъдӣ 25 дарсад аз ин вомро пардохт кунанд, ки аз уҳдаи ин тааҳҳуд барнаомаданд.
Чанде қабл Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кард: “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дигар ҳаққи фаъолият надоранд.
Дар баёнияи Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид шудааст: Дар ҳоли ҳозир “Тоҷиксодиротбонк” ба 5 ҳазору 500 муштарӣ ва “Агроинвестбонк” ба 27 ҳазору 500 муштарӣ қарздор ҳастанд, ки бояд бо ҳукми додгоҳи вижа аз ҳисоби фурӯши амвол ва дафтарҳои хеш талаби ононро пардохт кунанд.
Дар пайи бурӯзи буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015 ва нотавонии бонкҳо дар бозпардохти талаби муштариён, ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ва беш аз 20 муассисаи моливу эътиборӣ лағви муҷаввиз шуданд, ки то кунун натавонистаанд қарзи худро бипардозанд.
Бештар бихонед:
- Барномарезии Бонки миллии Тоҷикистон барои пардохт қарзи банкҳои варшикаста
- Таҷаммӯи молбохтагони “Тоҷпромбонк” назди Бонки Миллӣ ва Парлумон