Тоҷикистон мақсади аслии сафари гардишгарони рус
Русҳо меоҳанд тобистони худро дар Тоҷикистон сипарӣ кунанд.
Ба гузориши Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон ба яке аз маҳбӯбтарин мақосиди гардишгарӣ дар Русия табдил шудааст ва гардишгарони рус ҳам аз моҳи май талош мекунанд то билети парвоз ба ин кишварро аз ширкатҳои мухталифи ҳавопаймоӣ, харидорӣ кунанд.
Маркази таҳлилии хадамоти сафар ва гардишгарии “Tutu.ru” эълом кард, бо баррасиҳои анҷом шуда мушаххас шуд, ки Тоҷикистон яке аз мақосиди аслии сафари шаҳрвандони Русия барои гузарондани тобистон аст.
Ин баррасӣ нишон дод, ки ҳудӯди 24 дарсад аз афроде, ки қасд доранд барои гузарондани таътилот ба хориҷ аз Русия сафар кунанд, Тоҷикистонро ба унвони кишвари мақсад интихоб карданд.
Бештар бихонед: