Июн 02, 2021 09:13 Asia/Dushanbe
  • Марзбонони тоҷик: Як ҳавопаймои бесарнишини Қирғизистон сарнагун шуд

Марзбонони тоҷик гуфтаанд, ки як паҳпод(ҳавопаймои бесарнишин)-и тасвирбадории Қирғизистонро дар марзи ноҳияи Ботканд бо Исфараи вилояти Суғд сарнагун кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Пресса Тҷ, Исматуллоҳ Тағоев, веблогнависи тоҷики муқими фармондории Чорчкӯҳи ноҳияи Исфара, ки ахбори манотиқи марзӣ бо Қирғизистонро бо истинод ба мақомоти интизомӣ ва амниятии тоҷик пӯшиш медиҳад, дар сафҳаи хеш дар Фейсбук аз сарнагунии як паҳподи тасвирбардории Қирғизистон хабар дод.

Вай муддаӣ шудааст, ки ин паҳподи шаби 31 моҳи майи соли ҷории дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ҳангоми тасвирбардорӣ аз манотқи марзӣ тавассути марзбонони тоҷик сарнагӯн шудааст. То лаҳзаи интишори ин хабар мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин маврид ибрози назар накрдаанд.

То лаҳзаи интишори ин хабар, мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин маврид ибрози назар накардаанд.

Пас аз даргирии хунини марзӣ, рӯзҳои 28 ва 29 апрели гузашта миёни марзбонони тоҷику қирғиз, ки беш аз 300 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, Қирғизистон марзҳои ҳавоӣ ва заминии худро бо Тоҷикистон баст ва вурӯди тоҷикҳоро мамнӯъ кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп