Июн 02, 2021 10:31 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сафар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо сафари корӣ роҳии Исломобод пойтахти Покистон шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри   Душанбе, Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бино ба навиштаи сомонаи “Pressa.tj”, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон қабалан гуфта буд, “Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари расмӣ доранд ва интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо ва инчунин масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шаванд”.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расанд.

Ҳамчунин дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Покистон Ориф Алавӣ мулоқот кунад. 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп