Июн 02, 2021 19:37 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобит - меҳвари гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон

Дар дидори раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Покистон, тарафайн бар тавсеаи равобит байни ду кишвар таъкид карданд.

Тарафайн дар ин дидор дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, сиёсат, амният, фарҳанг, омӯзиш ва равобити минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон низ дар ин дидор гуфт: Покистон мусаммам аст ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон, дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла омӯзиш, сохтмон, тавсеаи зерсохтҳо, фанноварӣ ва энержиро афзоиш диҳад.

Вай афзуд: Ду кишвар тавонмандиҳои фаровоне барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба, аз ҷумла тиҷорат доранд.

Ба гуфтаи Қурайшӣ, итмоми бамавқеи пружаҳои муҳиме монанди CASA - 1000 ба эҷоди як каридори энержӣ байни Осиёи ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ кумак хоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Покистон дар идома, гузорише аз иқдомоти ин кишвар барои барқарории сулҳ дар Афғонистонро ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа ва тавзеҳ дод ва гуфт: Покистон ба талошҳои худ барои сулҳу суботи минтақа идома хоҳад дод.

Аз соли 1994 то кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт бор ба Покистон сафар кардааст.

Покистон ва Тоҷикистон робитаи бародаронаи наздик бар асоси боварҳои муштарак, таърихи муштарак ва қаробати фарҳангӣ доранд.

Равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Покистон дар 6 июни соли 1992 барқарор шудааст.

 

Бештар бихонед: