Пешниҳоди вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар дидор бо фармондеҳи нерӯии интизомии Эрон пешниҳоди таъсиси намояндагии вазоратҳои дохилаи ду кишварро дар Душанбе ва Теҳрон матраҳ кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон,генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар дидор бо сардор Ҳусайни Аштарӣ таъсиси дафтарҳои намояндагии вазоратҳои дохилаи ду кишварро дар Душанбе ва Теҳрон хостор шуд.
Вай гуфтааст, ки ҳамкории ду тараф дар заминаи шиносоии ҷинояткорон аз тариқи Полиси байналмилал аз дигар меҳварҳои гуфтугӯ бо фармондеҳи нерӯии интизомии Эрон буд.
Ду тараф ҳамчунин ҳамкории муштарак миёни озмоишгоҳҳои вижаи ташхиси ҷурму ҷиноятро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз намоишгоҳи силоҳ ва таҷҳизоти нерӯи интизомии Эрон боздид кард.
Вай аз размоиши тактикии нерӯи интизомии Эрон, ки дар сатҳи бисёр боло баргузор шуд, низ дидан кард.
Сафари расмии Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 31 май оғоз шуд.
Бештар бихонед:
- Таъкиди вазирони дифои Эрон ва Тоҷикистон бар тавсеаи ҳамкориҳо
- Тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ меҳвари музокироти генерал Раҳимзода дар Теҳрон