Июн 04, 2021 18:25 Asia/Dushanbe

Ду шаҳрванди сокини навоҳии марзии Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ки марзбонони Қирғизистон онҳоро боздошт карданд.

Қурбонбой Раҷабов ва Субҳониддин Бобоев, ду сокини рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара муддаӣ ҳастанд, 26 май нерӯҳои марзбонии Қирғизистон онҳоро 3 соати боздошт ва чорвои онҳоро мусодира кардаанд.

Марзбонони Қирғизистон дар ин маврид тавзеҳе надодаанд.

31 май Нозир Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек низ дар ин бора бо Руслан Казакбоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон гуфтугӯ кард, аммо ҷузъиёте аз ин гуфтугӯ мунташир нашудааст.