Ҳушдори идораи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба шаҳрвандони ғайриқонунии ин кишвар дар Русия
Идораи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба шаҳрвандони ғайриқонунии ин кишвар дар Русия ҳушдор дод.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба шаҳрвандони ғайри муҷозои ин кишвар дар Русия ду бора ҳушдор дод бояд то 30 июни соли ҷорӣ иқомати худро сабт ва ё тамдид кунанд.
Ба навиштаи манбаъ, “то 30 майи соли равон ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 17804 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 17118 нафар шифоҳӣ, 40 нафар муроҷиати хаттӣ ва 646 нафари онҳо тавассути телефони боварӣ муроҷиат намудаанд. Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия, зиёда аз панҷ ҳазор нафар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ворид гардида буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд”.
Хадамоти муҳоҷират бори дигар аз муҳоҷирони корӣ — шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки барои муайян ва огоҳ намудани онҳо ҷиҳати расмикунонии буду бош дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муроҷиат намоянд.
Бештар бихонед:
- Рушди иқтисодии Тоҷикистон, раҳоварди афзоиши даромади коргарони муҳоҷири тоҷик
- Ҳушдори сафорати Тоҷикистон дар Русия ба коргарони муҳоҷири тоҷик