Маҳдӯдияти рафту омад дар нақби “Истиқлол”
(last modified Sat, 05 Jun 2021 14:48:30 GMT )
Июн 05, 2021 19:48 Asia/Dushanbe
  • Маҳдӯдияти рафту омад дар нақби “Истиқлол”

Ба далели оғози бозсозии нақби “Истиқлол” тарҳи муштараки Тоҷикистон ва Эрон аз рӯзи 5 июни соли ҷорӣ дар рафту омади мусофирон ва васоили нақлия миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон маҳдӯдият ҷорӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом кардааст, ки рафту омад дар ин масир аз соати 19 то 6 субҳ бидуни монеъ мебошад ва дар соатҳои рӯзона маҳдӯдият вуҷӯд дорад.

Бар ин асос, рафту омади мусофирон ва васоили нақлия рӯзона аз соати 10 то 13 ва аз соати 16 то 19 аз тариқи нақби “Истиқлол” мамнӯъ мебошад.

Нақби “Истиқлол” бо кумаки 31 миллиондолларии Эрон, ки 10 миллиондоллари он ройгонаст ва саҳми 7 миллиону 800 ҳазор долларии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳиммати ширкати эронии “Собир сохта шуд, вале акнӯн ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад. Акнӯн тарҳи насби сомонаҳои равшаноӣ, оташнишонӣ ва таҳвия(ҳавокаш)-и ҳавои дохили ин нақб дар ҳоли иҷрост. Ду кишвар ба ин манзур11 миллиондоллар ихтисос додаанд.

Ин нақб бо тӯли 5 ҳазору 200 метри дар 80 километрии шимоли шаҳри Душанбе сохта шудааст ва заминаи иртиботи ҷодаӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистонро дар тамомии фаслҳои сол таъмин мекунад.