Вазири нерӯ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд
Июн 07, 2021 13:47 Asia/Dushanbe
Вазири нерӯи Эрон ба манзури ҳузур дар чаҳордаҳумин Иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон ба Душанбе, пойтахти ин кишвар сафар кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ризо Ардакониён дар ин сафар бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва раиси тоҷики Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ҳамчунин вазири нерӯ дар ин сафар бо дигар мақомоти тоҷик дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар дидор хоҳад дошт.
Барчасп