Боҷи гумрукии 4 навъ маҳсул ба Тоҷикистон афзоиш меёбад
(last modified Tue, 08 Jun 2021 06:44:29 GMT )
Июн 08, 2021 11:44 Asia/Dushanbe
  • Мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиши боҷи гумрукии воридоти ин маҳсулот аввали соли 2022 эълом шудааст
    Мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиши боҷи гумрукии воридоти ин маҳсулот аввали соли 2022 эълом шудааст

Ҳукумати Тоҷикистон боҷи гумрукӣ барои воридоти гӯшти мурғ, макарон ва танбоку ва сигор ба ин кишварро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, дар баёнияи Ҳукумати Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ин афзоиш барои ҳар навъи макарон ба мизони 10 то 20 дарсад хоҳад буд, ки ҳадаф аз ин иқдом, ҳимоят аз тавлиди дохилӣ унвон мешавад. Аммо барои воридоти танбоку ва сигор афзоиши ин авориз ба мизони 5 то 46 дарсад эълом шудааст.

Тоҷикистон аз солҳо қабл мубориза бо воридоти танбоку ва сигорро оғоз кардааст ва ин иқдомро ҳифозати саломатии сокинони ин кишвар дар баробари ин маҳсулот медонад.

Замони иҷро шудани мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиши боҷи гумрукӣ барои воридоти гӯшти мурғ, макарон ва танбоку аввали соли 2022 эълом шудааст.

 

Бештар бихонед: