Июн 08, 2021 19:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири нерӯи Эрон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе раванди ҳамкории феълӣ ва дурнамои равобити дуҷониба баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 8 июни 2021 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон, Ризо Ардакониёнро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба хусус фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

 

Барчасп