Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев дар фурӯдгоҳи Душанбе
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои узбекистонии хеш, ки барои анҷоми сафари ду рӯза вориди Душанбе шуд, дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон истиқбол кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Душанбе аз Шавкат Мирзиёев истиқбол кард.
Ба навиштаи манбаъ, барои истиқболи Мирзиёев ҳамзамон ҳазорон сокинони пойтахт баромадаанд.
Гуфта мешавад, кортёжи президентҳо ба "Қасри миллат", ки дар онҷо маросими расмии истиқбол сурат мегирад омаданд.
Сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар назар аст, ки дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд.
Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, ки сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд.
Дар доираи ин сафар дар назар аст, раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо расонанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона ин шохис 333 миллиондоллар буд.
Бештар бихонед:
Имзои 30 созшномаи ҳамкорӣ дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон