Имрӯз; Ифтитоҳи мактаби сохти Тоҷикистон дар вилояти Самарқанд
(last modified Thu, 10 Jun 2021 06:17:52 GMT )
Июн 10, 2021 11:17 Asia/Dushanbe
  • Ин мактаб барои 640 донишомӯз дар Самарқанд сохта шудааст
    Ин мактаб барои 640 донишомӯз дар Самарқанд сохта шудааст

Мактаби сохти Тоҷикистон барои 640 донишомӯз дар ноҳияи Ургут дар вилояти Самарқанд имрӯз (панҷшанбе) 10 июни соли ҷорӣ ифтитоҳ мешавад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин мактаб ҳамзамон бо сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин мактаб Муҳаммадюсуф Имомзода ва Шерзод Шермуҳаммадов, вазирони маориф ва улуми Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат хоҳанд кард.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба дар соли 2018 Тоҷикистон мутааҳҳид ба сохти ин мактаб ва як кӯдакистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Узбекистон шудааст.

Узбекистон низ як мактаб дар ноҳияи Спитамен ва бемористонеро дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон сохтааст, аммо баҳрабардорӣ аз мактаб ва кӯдакистони сохти Тоҷикистон дар Узбекистон ба далели густариши вируси корона ба таъхир афтод.

Лозим ба зикр аст, ки имрӯз панҷшанбе сафари расмӣ ва ду рӯзаи Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон оғоз мешавад.

 

Бештар бихонед: