Ӯзбакистон ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон хоҳад сохт
Вазири энержии Узбакистон аз сохти ду нерӯгоҳи барқи обӣ бар рӯйи рӯдхонаи Зарафшон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», Алишер Султонов гуфтааст, ки нерӯгоҳи нахуст бо зарфияти тавлиди 800 миллион киловатт соат барқ дар сол, дар минтақаи Ёвон, дар ноҳияи Айнӣ, бо маблағи 282 миллион доллар сохта мешавад.
Ҳамчунин сохти нерӯгоҳи дувум, бо зарфияти тавлиди 800 миллион киловатт соат барқ дар сол, дар минтақаи Фони ноҳияи Айнӣ, бо ҳазинаи 270 миллион доллар барномарезӣ шудааст. Рӯдхонаи Зарафшон ба тӯли 877 километр, оби мавриди ниёзи қисмате аз шимоли Тоҷикистон ва вилоятҳои Самарқанду Бухорои Узбакистонро таъмин мекунад. Бахши умдаи сарманобеи молӣ барои сохтт ин ду нерӯгоҳро ҳуккмати Узбакистон таъмин мекунад.
Ба гуфтаи вазирони энержии Узбакистон, бо сохти ин ду нерӯгоҳ, заминаи интиқоли 1 миллиарду 400 миллион киловатт соат барқ аз Тоҷикистон фароҳам мегардад.
Бештар бихонед: