Июн 12, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти таеквондо дар Тоҷикистон

Мусобиқоти таеквондои Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 9-10 июн дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин мусобиқа оид ба таеквондо баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, дар мусобиқа 112 варзишгар (71 мард, 41 зан) аз минтақаҳои кишвар ширкат карда, дар 8 вазн миёни мардон ва 8 вазн миёни бонувон, тибқи қоидаҳои Созмони таеквондои ҷаҳонӣ (World Taekwondo) қувваозмоӣ намуданд.

Дар ҳайати даставӣ Душанбе бо бадаст овардани бештари медалҳо (11 тилло, 7 нуқра, 8 биринҷӣ) ғолиб шуд. Варзишгарони ШНТМ 3 тилло, 6 нуқра, 6 биринҷӣ, минтақаи Бохтар 3 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ, минтақаи Кӯлоб 1 тилло, 1 нуқра, 6 биринҷӣ, ВМКБ 1 нуқра, 8 биринҷӣ ва Суғд 1 нуқра, 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30-юми июн идома меёбад.

Тибқи тақвим 11-12 июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи самбо, 10-14 июн дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи волейбол миёни бонувон, 12-13 июн дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи вазнбардорӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин, то 30 июн баргузории мусобиқаҳо оид ба ҳендбол, баскетбол, волейбол миёни мардҳо, камонварӣ, бокс ва қайиқронӣ дар назар аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп